ENG РУС ТОҶ
+992 (44) 640 55 44
Муроҷиат ба мизоҷон
Рус Тоҷ
Асосӣ » Дар бораи Ташкилот »

Лоиҳаҳо

ҶСП «Ҳумо» бо барномаи Microworld ҳамкорӣ мекунад.

ҶСП «Ҳумо» дар Тоҷикистон аввалин ташкилоти қарзии хурдест, ки бо барномаи  Microworld ҳамкорӣ мекунад. Бо барномаи Microworld ҳамаи филиалҳои Ташкилот кор мебарад. Аз рўи барнома ҳама намуди маҳсулотҳои қарзӣ ба ғайр аз маҳсулоти истеъмолӣ маблағгузорӣ карда мешаванд. Дар Ташкилот барномаро мухбири Microworld назорат мекунад. Ҳисоботҳо оиди дархостҳои қарзӣ аз тарафи мухбир бо тариқи онлайн дар сомонаи Microworld гузаронида мешавад.

Ҳамкорӣ бо барномаи KIVA

KIVA — ин платформаи кушодаест, ки дар он қарздиҳандаҳои тамоми ҷаҳон, бо мақсади маблағгузорӣ ба қарзгирандаҳо, ҷамъ меоянд.  Бо барномаи Кива қарзгирандаҳо имконият доранд, барои паст намудани сатҳи камбизоатии мардум, ки ба вазифаи Kiva рост меояд, ҳиссагузор шаванд. Ташкилоти «Ҳумо» зиёда аз 5 сол аст, ки бо барномаи  KIVA ҳамкорӣ мекунад. Соли 2011 Ташкилот дар конференсия оид ба маблағгузории хурд барои пешниҳоди хизматрасониҳои босифат ва алоқаи бозгашт бо мизоҷон, ичунин кушодани фаъолияти нав, идора кардан ва инкишоф додани фаъолияти аҳолии ҶТ, аз тарафи барномаи Кива мукофотонида шуда буд.

ҶСП «Ҳумо» қарзҳои Старт-бизнесро таҳти лоиҳаи барномаи  KIVA пешниҳод мекунад. Ин яке аз самтҳои кори лоиҳа мебошад. Лоиҳа барои онҳое, ки нияти оғоз кардани фаъолияти шахсӣ доранд, пешниҳод карда шудааст. Барои кушодани фаъолияти шахсӣ  ва сохтани нақшаи тиҷорат, ба номзадон (бо хоҳиши худ) тренинг гузаронида мешавад. Қарз барои оғози фаъолият, барои ҳама намуди фаъолият,  бо мӯҳлати 2 сол бо давраи имтиёзии 4 моҳ  пешниҳод мегардад. Ба сифати гарав моли манқул ва ғайриманқул гирифта мешавад. Барномаи  KIVA ба  ғайр аз Старт-бизнес, дигар маҳсулотҳои қарзиро низ маблағгузорӣ менамояд. Барои маблағгузорӣ дархостҳо аз рӯи стандарт ва тавсифномаҳои муайян  пешниҳод мешаванд. Дархостҳои пешниҳодшуда аз тарафи мухбирони барнома, мутобиқи талаботҳои KIVA аз тафтиш мегузаранд.

Бонки миллӣ
Курс на 29.06.2017
Мубодилаи асъор
Калькулятори карзи


Намуди қарз:

Партнерҳо

Арзишҳои мо

Ба умедҳои мизоҷ муносиб будан. Мо талаботҳои ҳозираи мизоҷонро фаҳмида, ҳалли онҳоро пешниҳод менамоем, ки он барои рушди фаъолияти мизоҷ мусоидат мекунад. Ташкилот ба далелҳои зерин такя мекунад: сифати баланди хизматрасонӣ, масъулиятнокии  баланд, поквиҷдонӣ ва шаффофияти молиявӣ;

 

Масъулияти иҷтимоӣ. Мо масъулияти худро дарк карда, барои дар сатҳи устувори иҷтимоӣ ва молиявӣ сурат гирифтани фаъолияти Ташкилот кӯшиш ба харҷ медиҳем. Мо дар рушди соҳаи молиявии хурди давлатамон фаъолона иштирок варзида, барои беҳтар гардонидани сатҳи  иҷтимоии минтақаҳои Ҷумҳурӣ,  кори худро ба роҳ мондаем;

 

Шаффоф ва кушода. ТАҚХ «Ҳумо» ташкилоти   кушода буда, барои гуфтугӯ ва машварат бо мизоҷон, ҳамшарикон, намояндагони ВАО ва ба ҳамкории сермасъул бо мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ҳамеша тайёр аст;

Самаранокӣ  ва бонатиҷа. Дар Ташкилот низоми ҳавасмандгардонии моддӣ ва ғайримоддӣ амал мекунад. Низоми мазкур самаранокии худро нишон дод, ки  истифодаи иқтидори пурра аз ҷониби кормандон натиҷаи он гардид;  

Маданияти корпоративӣ. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки кормандонро ба комёбиҳои Ташкилот ҳавасманд гардонда, корро пеш барем, то ин ки дастаи мо дар инкишофи ТАҚХ «Ҳумо» фаъолона иштирок кунад,  бо ин мақсад, мо  ба дастаи худ,  одамони боистеъдодро ҷалб менамоем.  Ташкилот  ҳавасмандии кормандонро дар инкишофи малакаву тахассуси касбии худ қадрдонӣ намуда, барои баланд бардоштан  ва такмили дониш, таҷриба ва маҳорати онҳо кӯмак мерасонад. Мо рӯҳияи боэътимодро  ба вучуд оварда, ба кормандон  имконият медиҳем, ки озодона фикру андешаҳо ва қарорҳои навоваронаи ташкилотро дастгирӣ намоянд. Мо робитаи  кории худро дар асоси муносибати поквиҷдонона месозем. Боварии мизоҷ бартарии арзанда барои Ташкилот мебошад;

 

Ҳамдастагӣ. Мо  кӯшиш мекунем, ки дар Ташкилот муҳити ҳамдастагиро ба вуҷуд орем. Бо ин мақсад дар Ташкилот чорабиниҳои корпоративию  варзишӣ, саёҳатҳои корпоративӣ, мубодилаи таҷриба байни филиалҳо гузаронида мешаванд.

Шикоят ва пешниҳод:

Шакли зеринро пур намуда тугмачаи «Фирист»-ро пахш намоед.
Ному насаб*
Суроғаи почтаи электронӣ*
Телефон*
Шаҳр / Ноҳия*
Шикоят ва ё пешниҳоди Шумо:
Рамзи зеринро гузоред:
Код проверки

×

Дархост барои занги телефонӣ

Ном*
Рақами телефон*
Шарҳу эзоҳ
Рамзи зеринро гузоред:
Код проверки

×
×

Ирсол намудани дархост

Фамилия, Ном, Номи падар*
Санаи таваллуд*
Раками телефон*

Рақами телефонро ворид намоед, ки бо шумо тамос гирифтан мумкин бошад

Мақсади гирифтани қарз*
Мӯҳлати қарз*

аз 3 то 36 моҳ

Асъор*
Маблағ*

150-140000 СОМОНӢ ё 30-30000 USD

Шаҳр*

Шаҳри наздиктаринро нисбати ҷойгиршавии ҷои истиқомати худ интихоб намоед

Район*

Район, Ҷамоат, маҳали зистро муайян намоед

Оиди Ташкилот аз куҷо фаҳмидед*
Шарҳу эзоҳи худро гузоред:
Рамзи зеринро гузоред:
Код проверки